ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Тайи як рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ягон ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси марги як шаҳрванди 18-сола ва қариб марги кӯдаки 8-сола гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар ҳамин тариқ, як сокини 18-солаи деҳаи Падрӯди ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо мақсади аксбардории кӯҳи Тарх субҳи барвақт ба кӯҳистон рафта, барнагаштааст.
Гуфта мешавад, ҷавон ҳангоми аксбардорӣ ба дараи 200-300 метр афтодааст.
Наҷотбахши КҲФ бо дарёфти хабар ба ҷойи ҳодиса рафта, ҷасади ҷавонро аз дара берун кашида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.
Ҳодисаи дуюм аллакай бомдоди имрӯз 8 август соати 04:07 рух додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, ба қисми навбатдории КҲФ кӯчаи А.Навоии пойтахт занг зада, наҷотдиҳандагонро барои наҷоти писарбачае, ки дар тирезаи ошёнаи чорум берун шудан мехоҳад, даъват кардааст.
Кормандони КҲФ бо дарёфти хабар ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда ӯро наҷот додаанд.
"Маълум шуд, ки кӯдаки 8-сола дар манзил танҳо монда, аз хоб бедор шуда, тарсидааст ва азбаски дар қуфл буд, тасмим гирифтааст, ки аз тиреза парад", - афзудааст манбаъ.
Ин ниҳод мегӯяд, дар ҳоли ҳозир кӯдак ба пулис супурда шуда, ҳоло сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Дар робита ба ин КҲВ аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки кӯдакконро танҳову беназорат нагузоранд.