ДУШАНБЕ, 7 авг— Sputnik. Баҳодур Усмонов, муштзани номовари тоҷик дар набарди навбатияш, ки дар мусобиқаи RCC Boxing Promotion гузаронид пирӯзӣ ба даст овард.
Ин мусобиқа шоми 7 август дар Екатеринбург доир шуда, дар он варзишгари тоҷик намояндаи Русия Тигран Узлянро шикаст дод.
Рақобати варзишгарон 8 давр идома кард ва ҳар кадоме бо тавонмандиҳои худ вориди ҳамлаву ҳимоя мешуд.
Билохира бо қарори якдилонаи доварон, ки муштзани тоҷик ҳам дар ҳамла ва ҳам ҳимоя болотар буд, пирӯз дониста шуд.
Маврид ба зикр аст, ки намояндаи Тоҷикистон дар корномааш дар бокси ҳирфаӣ ҳамакнун се пирӯзи бидуни бохт дорад. Ҳарифи ӯ, ки то кунун панҷ бурд дошт, аввалин шикастро аз Усмонов дид.
Ҳамчунин дар доираи ин мусобиқа муштзани дигари тоҷик Давлат Болтаев дуюмин пирӯзиро дар бокси касбӣ ба даст овард.
Ӯ дар ин дидораш намояндаи Беларус Виктор Чуварковро шикаст дод.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи июни соли ҷорӣ Баҳодур Усмонов, дар "Лигаи бокс. Ҷоми байниқитъавӣ" сазовори медали тило шуда буд.
Усмонов дар мусобиқаи бонуфуз низ ҳарифи русиягияш Александр Девятовро шикаст дод.
Ин варзишгар моҳи апрели соли ҷори низ ба хазинаи дастовардҳои варзишии Тоҷикистон аз Финландия як медали тило оварда буд.
Ӯ дар мусобиқа дар Ҳелсинкӣ бо иштироки беш аз 100 варзишгар аз кишварҳои гуногун доир шуд, ҳарифони худ аз Арманистону Венгрия ва дар финал варзишгари шотландиро ҳам мағлуб кардабуд.