Тоҷикистон дар нахустин рақобаташ дар Қаҳрамонии CAFA Афғонистонро шикаст дод

Мунтахаби Тоҷикистон барои пирӯзӣ ва дар садр қарор гирифтан бояд се ҳарифи дигараш - Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Эронро шикаст диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) нахустин бозияшро дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ - CAFA бо пирӣ анҷом дод.
Дастпарварони Аҳлиддин Турдиев шоми шашуми август бо мунтахаби Афғонистон вориди набард шуда, бозиро бо ҳисоби 4:1 буриданд.
Голҳои Азизбек Ҳайитов, Содиқҷон Қурбонов, Фатҳулло Олимзода ва Салам Ашӯрмамадов ба яккачини кишвар се имтиёз оварданд.
Ҳимоятгари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Содиқҷон Қурбонов, ки дар ин бозӣ яке аз голҳоро зад, беҳтарин бозигар дониста шуд.
Дар вохӯрии дигари даври дуюми мусобиқаи мазкур дастаҳои мунтахаби Қирғизистону Ӯзбекистон бидуни гол (0:0) бозиро мусовӣ карданд.
Аз ту буд - аз ман шуд: натиҷаи интиқолҳои тобистонаи футбол дар Тоҷикистон
Бозиҳои даври баъдӣ шоми 8 август миёни дастаҳои Эрону Афғонистон ва Тоҷикистону Қирғизистон доир мешавад.
Рӯзҳои 10 август бозии Эрон – Қирғизистон, Ӯзбекистон – Тоҷикистон ва 12 август зӯрозмоии Афғонистон – Ӯзбекистон, Тоҷикистон – Эрон ба нақша гирифта шудаааст.
Ёдовар мешавем, ки дар маҷмуъ, дар доираи чемпионат 10 бозӣ ба нақша гирифта шуда, ҳамаи ин сабқатҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегарданд.

Низомномаи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни ҷавонон муқаррар кардааст, ки ин мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила сурат гирифта, дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.