Сокини Душанбе барои ба муомилот баровардани ҳазорҳо доллару еврои қалбакӣ боздошт шуд

Як сокини шаҳри Душанбе баъди хариди ҷавоҳирот дар Бохтар бо асъори қалбакӣ дастгир шуд. Алайҳи ӯ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мардеро бо иттиҳоми ба муомилот баровардани долларҳои қалбакӣ боздошт кардааст, ки дар пайгард қарор дошт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, боздоштшуда марди 33-солаи сокини пойтахт буда, барои ба муомилот баровардани пул ё коғази гаронбаҳои қалбакӣ муттаҳам мешавад.
Гуфта мешавад, ин мард пас аз хариди ҷавоҳир бо асъори қалбакӣ аз як тилофурӯш дастгир шудааст.
Ба иттилои мақомот, боздоштшуда 4-уми феврали соли 2022 дар бозори шаҳри Бохтар аз марди 45-солаи сокини ҳамин шаҳр Маҳмудов Сулаймон, ки ба хариду фурӯши ҷавоҳири тилоӣ машғул мебошад, 1 адад гарданбанд ва як дастмонаи тилоиро ба маблағи 82 ҳазору 250 сомонӣ нархгузорӣ мекунад.
"Бар ивази ин ҷавоҳир 70 адад купюраи 100-доллара, ҷамъ ба маблағи 7 ҳазор доллари амрикоӣ ва 38 адад купюраи 50-евроӣ, ҷамъ ба маблағи 1 ҳазору 900 еврои қалбакӣ дода, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - афзуд манбаъ.
Тибқи хулосаи пешниҳоднамудаи коршиносон, пулҳои қалбакии мазкур аз хориҷ ворид шуда шабеҳи купюраҳои аслист, ки на ҳар фард онро фаҳмида наметавонад.
Айни ҳол барои ба муомилот баровардани пули қалбакӣ нисбати гумонбаршуда бо моддаи 281 КҶ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, Роман Виданов дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Боздошти як зани қочоқбар дар марзи Ӯзбекистон
Дар сурати таъйиди ин иттиҳом аз ҷониби додгоҳ, дастгиршударо аз панҷ то ҳашт соли зиндон мунтазир аст.
Фкълан назари худи дастгиршуда ва ҷониби ҳимояаш дақиқ нест.
ВКД аз сокинони кишвар хостааст, ки ҳангоми додугирифти пулӣ аз эҳтиёт кор бигиранд.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин боздошт набуда, қаблан аз ошкорсозии чунин ҳолатҳо гузориш дода буданд.