Эълони чаҳор рӯзи роҳбандӣ дар Суғд: аз кай ва дар кадом шаҳру ноҳияҳо

Мақомоти БДА бо нашри эълон дар бораи муваққатан маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тайи чаҳор рӯзи оянда дар баъзе аз шаҳру навоҳии Суғд хабар додаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Роҳбарияти БДА дар шарҳи сабаби муваққатан маҳдуд шудани ҳаракат дар роҳҳои ҳудуди вилояти Суғд, аз соҳибони воситаҳои нақлиёт даъват намудааст, ки дар ин рӯзҳо аз тариқи роҳҳои ҳамшафат ҳаракати худро идома дода метавонанд.
Бино ба иттилоъи шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд тибқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории меҳмонони олимақом тайи чаҳор рӯзи оянда ба шаҳру ноҳияҳои Суғд дар назар дошта шудааст. Таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва мушоияти қатораи воситаҳои нақлиёт ба меҳмонон ва ҳайати ҳамроҳикунанда ба зимаи мақомоти БДА вогузошта шудааст.
Аз ин лиҳоз Идораи БДА Суғд бо нашри эълони расмӣ сана ва кӯчаҳое, ки дар онҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд мешавад, хабар додааст.
“Санаи 9 августи соли 2022 ҳаракат дар кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои И.Сомонӣ, Гагарин, Сирдарёи шаҳри Хуҷанд то давраи Ором, роҳи ҷамоати деҳоти Д. Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Боғи миллӣ, кӯчаҳои шаҳри Гулистон муваққатан маҳдуд мешавад” – омадааст, дар эълони БДА.
Ҳаракати қаторҳо дар масири Душанбе - Волгоград пеш аз муҳлат ба роҳ монда мешавад
Бар пояи хабари манбаъ санаи 10 августи соли 2022 дар роҳи ҷамоати деҳоти Пошкент, ва кӯчаҳои марказии шаҳри Истаравшан ва санаи 11 август дар роҳи ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ва кӯчаҳои марказии шаҳри Конибодом ҳаракат воситаҳои нақлиёт муваққатан манъ карда мешавад.
Санаи 12 август ҳаракат дар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров – Хуҷанд, кӯчаҳои Гагарин, А. Шукуҳӣ, И. Сомонӣ, Р. Ҳоҷиев, С. Умаров, Сирдарё то гардиши Ором, роҳи ҷамоати деҳоти ба номи Д. Холматов, Боғи миллӣ, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон ва Бӯстон маҳдуд карда мешавад.
Суҳроб Қурбонзода, сардори Идораи БДА дар вилояти Суғд, бо нашри ин иттилоия аз кулли сокинон хоҳиш намудааст, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракат дар мавзеъҳои дар боло зикргардида, ҳаракати худро тариқи кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.