Карзай: Толибон ба дастури Покистон омӯзиши духтаронро манъ карданд

Раисҷумҳури пешини Афғонистон мегӯяд, ки мамнуияти омӯзиши духтарон дар Афғонистон ба хости мардуми кишвар ва тибқи аҳкоми шариати ислом нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар гуфтугӯ бо маҷаллаи “Der Spiegel”- и Олмон таъкид кардааст, ки мамнуъияти рафтани духтарон ба мактаби мубтани ба аҳкоми ислом нест, балки ин кор ба дастури кишвари ҳамсоя Покистон сурат мегирад.
"Ҳадафи Покистони як Афғонистони бе дифо, заиф ва фақир аст, ки аз сӯйи он ҳеҷ мушкиле мутасаввир набошад", - гуфт ӯ.
Оқои Карзай афзудааст, ки бидуни занон таҳсилёфта Афғонистон як кишвар мурда аст ва толибон наметавонанд дастовардҳои 20 соли гузаштаро аз мардум бигиранд.
Толибон: Карзай ба занони дигарон озодӣ мехоҳад, балки на ба ҳамсари худ
Карзай дар идома гуфтааст, ки тайи ду даҳаи гузаштаи миллионҳо писар ва духтарон омӯзиш диданду ҷомеъаи Афғонистони модерн шудааст ва ба ҳмин хотир толибон наметавонанд ба содагӣ ин дастовардҳоро аз мардум бигиранд.
Карзай ба толибон гуфтааст, ки ба гунаи ҷаддӣ барои ба расмият шинохтани байналмилалӣ талош кунанд ва барои расидан ба ин ҳадаф, ҳуқуқи башар ва фармони афви умумиро риоя карда ба муборизоти дохилии қудрат поён диҳанд.
Гуфтанист, ки Ҳомид Карзай дар наздик ба як соли султаи толибон дар Кобул ба сар мебарад ва гуфтааст, ки дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад ва наметавонад бидуни иҷозаи пойтахт ё кишварро тарк кунад.