ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Жоао Гомеш Кравино, вазири корҳои хориҷии Португалия бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар эъломияи муштарак ба имзо расониданд, иттилоъ додааст Вазорати корҳои хориҷӣ.
Дар ин эъломия ҷонибҳо робитаҳои ҳасанаи тарафайн дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро зикр карда, омодагии худро барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд иброз намуданд.
Бояд гуфт, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Португалия 4 августи 1992 барқарор шудаанд.
Сафири Фавқулъода ва Мухтори Португалия дар Тоҷикистон Паулу Жоао Лопешду Регу Визеу Пинейру (қароргоҳаш дар шаҳри Москваи Русия) мебошад.
Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Португалия дар соли 2020 ба 614,8 ҳазор доллар расидааст, ки аз он содирот 579,2 ҳазор ва воридот 35,6 ҳазор долларро ташкил додаанд.