ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Роҳҳои нообод дар Тоҷикистон аз таваҷҷуҳ дур нестанд ва Вазорати нақлиёт дар ин самт барномае дорад, мегӯяд раҳбари ин ниҳод Азим Иброҳим.
Вазир нақлиёт зимни нишасти хабарияш гуфт, ки дар Тоҷикистон умуман 26,7 ҳазор киллометр роҳ аст, ки аз он 14,3 ҳазор дар тавозуни Вазорати нақлиёт аст ва нигоҳдории боқимонда ба дигар идораву муассиаҳо ва ҳатто ашхоси инфиродӣ тааллуқ дорад.
Барои таъмири роҳҳо вазир гуфт, тасмим доранд, ки озмуни "Роҳҳои ободи байни деҳаҳо"-ро роҳандозӣ кунанд, ки корҳои мушаххаст дар ин самт идома дорад.
Ҳамзамон тибқи қарори ҳукумат барои таъмири роҳҳо ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ маблағи муаяне ҷудо мешавад ва техника бошад аз вазорат равона мегардад.
Ӯ гуфт, ки он роҳҳо берун аз таваҷҷуҳи вазорат нестанд ва кам бошад, ҳам бо ҳамин маблағҳо ва дастгирии соҳибкорон ин мушкил ҳал карда мешавад. Ба таъкиди ӯ ободии роҳҳои маҳаллӣ аз дастгирии ин қишр низ вобаста аст.
Азим Иброҳим дар бораи харобшавии роҳҳои Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2022 гуфт, ки бар асари ҳаводиси табиӣ дар Тоҷикистон 78,33 километр осеб дидааст.
Илова бар ин, 3 пул (39 м), 3 қубури обгузар (32 м) низ хароб шудааст.
"Маблағи умумии хисорот 2 миллион сомониро ташкил медиҳад. То имрӯз 53,1 километр роҳ, 1 пул (18 м) барқарор карда шудааст", - афзуд сардори мавсуф.
Ҳамин тариқ, дар соли 2022 Вазорати нақлиёт барои нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳои кишвар 85 миллион сомонӣ (8,3 миллион доллар) дарёфт кардааст.
Аз аввали сол то имрӯз ба маблағи 31,7 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 3,9 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети шаҳру ноҳияҳо корҳои таъмиру нигоҳдорӣ анҷом дода шуданд.
Илова бар ин, барои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва иншооти онҳо аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ва аҳолии шаҳру ноҳияҳо беш аз 12,5 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, таъкид кард, Азим Иброҳим.