Турсунов Ҳиндро тарк карданӣ нест: футболбози шинохтаи тоҷик боз тими нав ёфт

Ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон Комрон Турсунов гармои Ҳиндустонро аз даст доданӣ нест: ин бозигар аллакай ба клуби сеюм дар ин кишвар гузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Комрон Турсунов, футболбози шинохтаи Тоҷикистон, дастаҳои ҳиндиро мисли дастпӯш иваз мекунад.
Бозингари тими яккачини мамлакат як мавсимро дар шахри Хучанд гузаронда, ба даста барои гирифтани медали нуқра дар чемпионати ҷумҳуриявӣ ёрӣ расонд ва баъд қарор дод, ки Ҳиндустонро фатҳ кунад.
Ӯ дарҳол бо дастаи "Раҷастан Юнайтед" шартнома баст, аммо дар ин даста дер намонд: пас аз чанд вақт ин бозигари тоҷик аллакай ба дастаи "Черчилл Бразерс" пазируфта шуд.
Бошгоҳи испанӣ барои футболбози Тоҷикистон маблағи ҳангуфт пардохт кардааст
Дар ин ҷо низ Турсунов дер напоид ва тобистон футболбоз ба "Трау" кӯчид. Бино ба маълумоти портали олмонии Transfermarkt, бошгоҳи ҳиндӣ барои легионери тоҷик маблағи калон – 325 ҳазор евро пардохт кардааст. Турсунов яке аз гаронбахотарин бозингарони "Трау" гардид.
Қаблан Sputnik Тоҷикистон дар бораи футболбоз Ҳамадонӣ Камолов навишт, ки барои ӯ "Паракуэльос Антамира"-и испанӣ 125 ҳазор евро ҷудо кардааст.
Варзишгар инчунин гаронтарин бозигари команда гардид. Маълум аст, ки ҳимоятгарони испании "Паракуэлос Антамира" 25 ҳазор арзонтар аз футболбози тоҷиканд.
"Юнайтед Сити"-ии Филиппин бошад, нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Амирбек Ҷӯрабоевро ба маблағи 250 ҳазор евро ба даст овард.
Ҷӯрабоев дуюмин бозигари "тиллоӣ"-и даста шуд. Танҳо Алан Робертсони африқоӣ аз ӯ, ки бошгоҳ ӯро ба 300 000 евро харидааст, арзишмандтар аст.