Даъвати Тоҷикистон аз соҳибкорони Тотористон барои сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар

Сафири Тоҷикистон бо президенти Тотористон масъалаи густриши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, муҳоҷирати меҳнатӣ, кишоварзӣ, маориф ва илмро баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 август — Sputnik. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия зимни сафари кориаш ба шаҳри Қазони Тотористон бо Президенти Тотористон Рустам Минниханов, вазъи кунунии ҳамкорӣ миёни минтақаҳои кишвар бо Тотористонро баррасӣ карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти сафорат.
Инчунин дар ин дидор дар бораи дурнамои равобити тиҷоратию иқтисодӣ табодули афкор сурат гирифт.
Таъкид шудааст, ки мусоҳибон доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисод, муҳоҷирати меҳнатӣ, комплекси агросаноатӣ, маориф ва илм, аз ҷумла омода намудани кадрҳои баландихтисос, инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ баррасӣ карданд.
Ҳамчунин роҳбари сафири Тоҷикистон зимни мулоқот дар бораи имкониятҳои сармоягузории кишвар маълумоти муфассал дода, соҳибкорони Тотористонро барои сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвар даъват намуд.
Ҷавони тоҷик дар Тотористон донишҷӯи сол шуд
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои манбаъ Рустам Минниханов, барои таҳкими робитаҳо бо минтақаҳои Тоҷикисстон, бахусус, дар соҳаи тиҷорату иқтисод изҳори ҳавасмандӣ кард.
Сафири Тоҷикистон дар идомаи мулоқот ҳайати Тотористонро барои ширкат варзидан дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Тоҷикистон ва Русия”, “Помиринвест 2022”, инчунин Форуми байналмилалии иқтисодии “Кӯлоб-2022”, ки имсол дар Тоҷикистон баргузор хоҳанд шуд, даъват кард.
Ҳамчунин Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар доираи сафари кориаш ҳамчунин бо Раиси Иттифоқи “Палатаи савдо ва саноати Тотористон” Шамил Агеев мулоқот кард.
Дар мулоқот масоили марбут ба густариш ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Коршинос гуфт, сохтмонҳои Русия кадом муҳоҷиронро интизоранд
Дипломати тоҷик аҳаммияти рушди ҳамкорӣ ва афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Тотористонро таъкид намуд ва ҳавасмандии Тоҷикистонро дар масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии ба Тотористон баён дошт.
Инчунин дар ин сафараш сафири Тоҷикистон аз Агентии рушди сармоягузории Тотористон боздид кард ва бо роҳбарияти ин ниҳод мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла, имкони таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин Сафири Тоҷикистон зимни сафари кориаш ба Тотористон аз Минтақаи махсуси иқтисодии “Алабуга”, ҶСК “Камаз” ва ҶДММ “Эйдос-медицина” боздид ба амал оварда, бо фаъолияти коргоҳҳои мазкур шинос шуд.