ДУШАНБЕ, 4 август — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мавзеъгирии ҷумҳуриро дар мавриди вазъ дар атрофи Тайван баён кард. Изҳороти расмии вазорати корҳои хориҷӣ дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шудааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ки таҳаввулоти минтақаро мавриди пайгирӣ қарор медиҳад.
"Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Ҷумҳурии Мардумии Чин мувофиқи меъёр ва принсипҳои аз ҷониби умум эътирофшуда ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад", - таъкид кард ин ниҳод.
Вазорат гуфтааст, ки мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Тайван бетағйир боқӣ мемонад ва ҷонибдори сиёсати "Чини ягона" ҳаст.
"Мавқеи мо дар тамоми ҳуҷҷатҳои расмии бунёдии Тоҷикистону Чин баён гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки аз тамоми Чин намояндагӣ мекунад, ягона ҳукумати қонунӣ эътироф мекунем", — омадааст дар изҳороти ин ниҳод.
Ёдовар мешавем, ки авзоъ дар атрофи Тайван дар робита ба сафари раиси палатаи намояндагони Конгресси ИМА Нэнси Пелосӣ ба ҷазира, ки Чин онро музофоти худ медонад, шиддат гирифт.
Амалҳои сенаторро ҳам мақомоти Чину Русия ва ҳам сиёсатмадорон ва рӯзноманигорони амрикоӣ маҳкум карданд.
Кохи Сафед, дар навбати худ, гуфт, ки сенатор тасмим гирифтааст, ки худаш сафар кунад ва ин тасмими шахсии ӯст.
Эътирозҳо дар худи ҷазира оғоз шуданд ва Чин алайҳи ширкатҳои Тайван таҳрим ҷорӣ кард, воридоти қум ва баъзе маҳсулот аз ҷазираро мутаваққиф кард.