ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Сокини 10-миллионуми кишвар аз рӯи методологияи байналмилалӣ ҳисоб ва муайян карда шуд, гуфт Гулнора Ҳасанова раҳбари ин ниҳод зимни нишасти хабарияш.
Ба гуфтаи Ҳисанова раванди муаянсозӣ низ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ шаффоф сурат гирифтааст.
"Аз рӯи ҳисоби натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ба ҳолати 1 январи соли 2022 аҳолии Тоҷикистон 9 890 886 нафарро ташкил дода буд. Ба ҳолати 1 июл бошад, аҳолии кишвар аллакай ба 9 988 011 нафар баробар шуд. Баъдан аз рӯи таваллуд ва нишондиҳандаҳо ҳисоб карда шуд, ки 23 июл ин рӯзи таваллуди кӯдаки 10 миллионум аст. Вақти таваллуд, рӯзона аз соати 12:27 то 12:30 ҳисоб карда шуд", - гуфт Гулнора Ҳасанзода.
Ба қавли Ҳасанзода маҳз дар ҳамин соату дақиқа дар таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе, модари ҷавон Латофат Шокирова писари худро ба дунё овард, ки Фирдавс номгузорӣ шуд.
Баъдан комисияи байниидоравӣ аз ҷониби Агентии омори Тоҷикистон ва вазорати тандурустӣ кор карда, кӯдакро муайян намуданд, афзуд роҳбари Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.
"Ин методолигияи байналмилалӣ аст, ки барои муайян кардани сокинони 7, 8 ва 9-миллионуми Тоҷикистон низ истифода шудааст", - таъкид кард ӯ.
Ин дар ҳолест, ки зимни гузоришҳои аввалӣ аз таваллуд шудани сокини 10 - миллионум АМИТ "Ховар", сотаи ба дунё омадани ӯро 12:00 зикр карда буд.
Гуфта шуд, ки падари сокини 10-миллионуми Тоҷикисон муҳоҷири меҳнатӣ ва модараш хонашин буда, ӯ нахустин фарзанди ин оилаи ҷавон мебошад.
Манбаъ афзуд, ки аллакай бо гузашти ду ҳафта, теъдоди аҳолии Тоҷикистон аз 10 миллион нафар ҳам гузашт.