Барои ҷудо кардани замин 20 ҳазор сомонӣ гирифт: парвандаи мансабдори ноҳияи Деваштич

Дар Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд номи мансабдори баландпояро ифшо ва тарзи содиршавии қаллобию ифтитоҳи парвандаро шарҳ доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 авг – Sputnik. Як мансабдори баландпояи ноҳияи Деваштич барои ҷудо намудани қитъаи замин даст ба қаллобӣ задааст, ки ин ҳолат аз ҷониби маъмурони Идораи мубориза бо коррупсия ошкор шудааст.
Сафарзода Қутбиддин, муовини аввали сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Мустафоқулов Т. М., муовини раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич барои ҷудо намудани қитъаи замин дар ду ҳолат аз сокинони ин ноҳия беш аз 20 ҳазор сомонӣ талаб намуда гирифтааст.
“Мустафоқулов Т. М., моҳи ноябри соли 2021 барои баровардани қарори раиси ноҳияи Деваштич дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони молхона аз ҳудуди деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич 20 000 сомониро дар ду маврид гирифтааст” – иттилоъ дод, масъули Идораи мубориза бо коррупсия.
Бино ба иттилоъи манбаъ як ҳолати дигари даст ба қаллобӣ задани муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич замоне ошкор шудааст, ки номбурда оиди вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз як сокини ин ноҳи 3 000 сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Боз шудани парванда алайҳи 4 мансабдоре, ки муроҷиати шаҳрвандонро баррасӣ накарданд
Бар асоси ҷойдошти ҳолати мазкур алайҳи Мустафоқулов Т. М. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, бо суд ирсол карда шудааст.
Мансабро сӯистифода карданд: боздошти заминфурӯшон дар Дӯстӣ
Идораи мубориза бо коррупсия дар Суғд мегуяд, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 349 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 22 ҷиноят нисбати 18 корманди Кумитаи идораи замин ва зерсохторҳои он будааст.