Коршинос хатари ҳамла аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистонро арзёбӣ кард - видео

Изҳороти ахири пурсарусадои толибон дар бораи "забт"-и Тоҷикистон чун сафсата ба назар мерасад, зеро дар кишвар пойгоҳи 201-ум мустақар аст
Sputnik
Муовини фармондеҳи Қулурдӯи 217-и умарии толибон гуфт, ки қодиранд дар як ҳафта Тоҷикистонро забт кунанд.
Ин изҳоротро коршиноси Муассисаи масоили рӯзи байналмилалии Академияи дипломатии Русия, Евгений Коренев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.
Ба гуфтаи вай, иғвоҳои инфиродии дорои хусусияти террористӣ, имконпазир аст, аммо дар бораи ҳамлаи ҳамаҷониба ҳарф задан, хеле душвор аст.
Аммо дар маҷмуъ, ин изҳорот як сафсатае беш ба назар намерасад, зеро дар кишвар пойгоҳи 201-ум мустақар аст ва Русия пойгоҳашро берун намекунад ва ин омили асосии амният дар ҷумҳурӣ аст.
Дар навбати худ мавқеъи ошкорои Душанбе аз сиёсати мақомоти нави Афғонистон фарқ мекунад.
"Душанбе мехоҳад, ки тоҷикон дар ҳукумати нави фарогири Афғонистон намояндагӣ кунанд, ки тайи моҳҳои ахир дар бораи он зиёд ҳарф мезад, аммо мо то ҳол ин ҳукумати фарогирро дар воқеият намебинем", - таъкид кард коршинос.
Вай таъкид кард, ки худи далели эътироф накардани ҳукумати нави Афғонистон дар арсаи ҷаҳонӣ, аз сӯи Кобул мудохила ба умури дохилӣ арзёбӣ мешавад.
Толибон: Агар Русия пушти Тоҷикистон набошад, дар як ҳафта ин кишварро тасхир мекунем
Афзун бар ин, мақомоти нави Афғонистон аз истиқрори сиёсатмадорони мухолиф дар қаламрави Тоҷикистон "асабонӣ" шудааст.
Евгений Коренев қайд мекунад, ки Душанбе мехоҳад дар Афғонистони нав чунин меъмории қудратро бубинад, ки ба он тоҷикони қавмӣ низ шомил бошанд.
"Тоҷикон дар равандҳои иҷтимоиву сиёсии Афғонистон тайи даҳ соли ахир нақши муҳим бозидааст. Албатта, Душанбе мехоҳад ба ин ноил шавад. Дуруст аст, ки захираҳо барои анҷоми чунин нуфузи комил ҳанӯз кофӣ нестанд", - қайд кард ҳамсуҳбат.
Таҳдиди толибон ба Тоҷикистон сафсата аст ё ҳақиқат: шарҳи коршиноси рус
Ба гуфтаи Коренев, дар маҷмӯъ, Афғонистон раванди сулҳомезро пеш гирифтааст ва барои ҳамкорӣ омода аст, аммо дар арсаи сиёсат метавонад алайҳи афроде, ки аз мақомоти феълӣ пуштибонӣ намекунанд, аз нерӯ истифода кунад.