Гармии тоқатфарсо: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик

Дар саросари Тоҷикистон ҳаво бебориш мешавад, вале дар аксари манотиқ гармии тоқатфарсо пешгӯӣ шудааст: ҳавои вилояти Хатлон то 41 дараҷа тафсон мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Ҳавои Тоҷикистон камабри бебориш пешгӯӣ мешавад, хабар медиҳад Ожонси ҳавошиносии кишвар.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм дар назар аст.
Ҳавои вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст.
Сели харобиовар дар Лахш замини наздиҳавлигӣ ва роҳро шуст
Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои шаҳру навоҳии тобеи марказ тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 20+22 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.