Пул гирифт: боздошти муовини декан барои қабули 20 ӯзбекистонӣ ба Донишгоҳи Хуҷанд

Ҳарчанд довталабони кишвари ҳамсоя қонунӣ ба донишгоҳ дохил шуда бошанд ҳам, аммо кормандони донишгоҳ бо ваъдаи "мусоидат кардан" аз онҳо пул талаб кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 авг – Sputnik. Як муовини декани Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров барои ба донишгоҳ дохил намудани 20 шаҳрванди Ӯзбекистон 12 ҳазор доллар талаб намуда гирифтааст
Дар ин бора Дилшод Зарифӣ, муовини сардори шуъбаи тафтишотии Раёсати мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд зимни нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, хонум А.Н.дар асоси фармоиши ректори Муассисаи давлатии таълимии мазкур аз 1 сентябри соли 2021 дар вазифаи муовини декан оид ба шуъбаи ғоибонаи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи болозикр кор карда, дар ҳамдастӣ бо се тани дигар даст ба ҷунин кор задааст.
Гуфта мешавад, боздоштшуда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо ҷонишини сардори маркази бақайдгирӣ ва машварати донишгоҳи мазкур Қ.З ва директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Ҷ.Расулов, Б.М. аз шаҳрванд Раҳматов А. А. барои ба Донишгоҳи болозикр дохил намудани 20 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон 12000 доллари ИМА талаб намудааст.
Дар шаҳру навоҳии Суғд мизони фасоди молӣ афзоиш ёфтааст: омори расмӣ
Мансабдори донишгоҳ бо ҳаммаслаконаш ҳаминтавр 19 январи соли 2022 аз корафтода 20000 сомонӣ, 7 феврал 2800 доллар ва ахиран боқимонда 70 ҳазор сомонии дигарро дар назди бозори “Ашроф”-и ноҳияи Ҷ.Расулов гирифта, дар натиҷа ба охирон зарари махсусан калони моддӣ расониданд.
Намояндаи Оҷонсӣ гуфт, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршудаҳо бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, зарари расонида низ пурра барқарор карда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки назари худи афроди боздоштшуда ва ҷониби ҳимояашон то кунун дақиқ нест.
Маврид ба зикр аст, ки ин моддаи қонун аз 22 то 58 ҳазор сомонӣ ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазоро пешбинӣ мекунад.