Дар шаҳру навоҳии Суғд мизони фасоди молӣ афзоиш ёфтааст: омори расмӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, мавориди содир шудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар шаҳру ноҳияҳои Суғд бештар шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Масъулони Ожонси мубориза бо фасод дар Суғд, зимни нисшати матбуотӣ омореро ироа намуданд, ки дар бораи афзоиши мизони содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ мегуяд.
Ин ниҳод, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар ин минтақаи кишвар 349 адад ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро ошкор ва сабт намудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021, 9 ҷиноят зиёд будааст.
Сафарзода Қутбиддин Шаҳобиддин, муовини аввали сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иттилоъ дод, ки содиршавии чунин ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони кадом сохторҳои давлатӣ бештар ошкор шудааст.
“Аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва зерсохторҳои он 19 ҷиноят нисбати 15 нафар, вазорати тандурустӣ ва зерсохторҳои он 27 ҷиноят нисбати 8 нафар, кумитаи идораи замин ва зерсохторҳои он 22 ҷиноят нисбати 18 нафар, вазорати маориф ва зерсохторҳои он 38 ҷиноят нисбати 24 нафар. Дар зерсохторҳои ШСХК “Барқи тоҷик” 13 ҷиноят нисбати 10 нафар сабт шудааст” – гуфт, Сафарзода Қутбиддин Шаҳобиддин.
Ожонси зидди фасод мардумро ба муборизаи дастаҷамъӣ бо коррупсия даъват кард
Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар ин давра содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони вазорати кишоварзӣ ва зерсохтори он 1 ҷиноят нисбати 2 нафар, вазорати адлия ва зерсохторҳои он 3 ҷиноят нисбати 5 нафар, вазорати мудофия ва зерсохторҳои он 2 ҷиноят нисбати 2 нафар, кумитаи андоз ва зерсохторҳои он 2 ҷиноят нисбати 2 нафар, кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зерсохтори он 1 ҷиноят нисбати 1 нафар, дар бонкҳо 48 ҷиноят нисбати 5 нафар, дигар идораҳои давлатӣ 9 ҷиноят нисбати 6 нафар ва ва субъектҳои хоҷагидори ғайридавлатӣ 78 ҷиноят нисбати 23 нафар ба қайд гирифта шудааст.
Тавре муовини сардори Ожонси мубориза бо фасод иброз намуд, таҳлили онҳо маълум намудааст, ки тамоюли содиршавии ҷиноятҳо дар кадом шаҳру ноҳияҳо бештар шудааст.
Бино ба гуфти ӯ, дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 49 ҷиноят, Спитамен 43, Панҷакент 41, Бобоҷон Ғафуров 39, Исфара 33, Ҷаббор Расулов 32, Конибодом 23, Бӯстон 13, Гулистон 13, Шаҳристон 10 ва дар шаҳри Истаравшан 8 ҷиноят ошкор шудааст.
Дар пайи содиршавии чунин ҷиноятҳои коррупсионӣ 10, 8 миллион сомонӣ зарар ошкор гардида то ин дав 7, 9 миллион сомонии он рӯёнида шудааст.