ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Шумораи зиёди муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар анбори бузурги Истраи бозори Ozon, ки сӯхтор сар зад, кор мекунанд
Ҳамин тавр, маҳз як муҳоҷири тоҷик аввалин видеоро аз маҳалли ҳодиса наворбардорӣ кардааст.
Дар видео марде лаҳза даргирифтани анборро сабт намуда, кӯшиш мекунад аз ыойи ҳодиса фирор кунад.
Аснои сабт, наворбардор бо забони тоҷикӣ ва русӣ фарёд мезанад, ки мардум дар маҳалли фоҷеа боқӣ мондаанд.
"Бачаҳо, аз онҷо гурезед. Дуд ҳама ҷоро фаро мегирад, дар ошёнаҳо ҳанӯз одамон ҳастанд", - қайд кард муҳоҷир ва афзуд, ки сӯхтор дар блоки сеюм сар задааст.
Дар айни замон алангаи оташ аллакай 25 хазор метри мураббаъро фаро гирифтааст. Барои хомӯш кардани сӯхтор чархболҳо ҷалб карда шуданд.
Анбори бузурги Ozon дар Истра, наздикии Москва воқеъ аст. Аллакай нисфи анбори молҳои гуногун оташ гирифтааст. Ба ҷои ҳодиса сӯхторнишонҳо ва чанд мошини ёрии таъҷилӣ ҳозир шуданд.
Ҳамаи кормандон, ки беш аз 1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, кӯчонида шуданд. Дар бораи талафоти ҷонӣ хабаре нест.