ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Бино ба иттилои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” минбаъд парвозҳоро дар масири Душанбе - Мюнхен - Душанбе бо зичии ду парвоз дар як ҳафта амалӣ менамояд.
Ин ниҳоди давлатӣ хабар додааст, ки ҷадвали парвозҳои мунтазами ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” дар ин масир тасдиқ гардидааст.
Бояд қайд кард, ки созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Олмон дар бораи алоқаи ҳавоӣ 27 марти соли 2003 ба имзо расидааст, ки дар асоси он ширкатҳои ҳавопаймоии ҳарду кишвар парвозҳои ҳавоиро дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе анҷом медиҳанд.
Ёдрас мешавем, ки ахиран ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки ин ширкат тасмим гирифтааст, парвозҳои мустақими худро бо харидории ду адад ҳавопаймои тамғаи Боинг 737-800 ба дигар самтҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик афзоиш диҳад.
Ҳамзамон ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” аз 3 август иҷрои парвозҳоро дар масири Хуҷанд – Новосибирск – Хуҷанд ва аз 4 август дар хатсайрҳои Душанбе – Қазон – Душанбе ва Душанбе – Москва (Жуковский) – Душанбе роҳандозӣ менамояд.