Ҷаримаи мансабдорон дар ноҳияи Носири Хусрав

Мақомоти ноҳияи Носири Хусрави Хатлон хабар додаанд, ки дар ин ноҳия се шахси масъулро барои пешниҳоди омори бардурӯғ ҷарима кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар шаш моҳи соли равон се мансабдор – раиси як ҷамоат, корманди як ҷамоат ва роҳбари дастгоҳи ноҳияро ҷарима карданд, гуфт дар нишасти хабарӣ Маҳмадаюб Шарифзода, раиси ноҳияи Носири Хусрави Хатлон.
Аммо мақомдор нагуфт, ки ин мансабдорон барои пешниҳоди кадом омори дурӯғ ҷарима шуданд ва маблағ ҷарима чӣ қадар будааст.
Тибқи иттилои Ҳакимзода Қурбон, раиси вилояти Хатлон гуфта буд, ки давоми шаш моҳи соли 2022-ум 174 мансабдор ва дигар шахсони масъули ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро кормандони Раёсати шуъба ва бахшҳои Агентии омор дар вилоят барои пешниҳод кардани омори бардурӯғ ҷарима карданд.
Мансабдорон аз санҷиш нагузаштанд: Бархе барканор шуданду бархе мансаби беҳтар гирифтанд
Вай гуфта буд, ки шахсони масъул ва мансабдорони ташкилоту идораҳо, ки омори бардурӯғ пешниҳод карданд ба маблағи 70 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима карда шуданд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш прокурори Суғд зимни нишасти хабарӣ хабар дода буд, ки чаҳор мансабдор дар вилояти Суғд дар бепарвоӣ ва сари вақт баррасӣ накардани муроҷиати шаҳрвандон айбдор дониста шуда, алайҳашон парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст.