ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Аз аввали сол дар Тоҷикистон беш аз 450 нафар барои кумак ба телефони боварии Маркази ҷилавгирӣ аз хушунат дар хонавода муроҷиат кардаанд.
Дар нишасти хабарии Кумитаи кор бо занон ва оила дар Душанбе гуфтанд, ки аз ин теъдод ҳамагӣ 60 муроҷиат аз ҷониби намояндагони мардон ворид шуда, боқимонда зангҳои занонанд.
Аз ин шумора ба беш аз 390 нафар шаҳрвандон кумаки равонӣ ва беш аз 90 нафарашон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шудааст.
Қариб 290 муроҷиатнома ба воситаи телефон ҳал карда шуда, дар 160 мавриди боқимонда мутахассисон бо одамон вохӯрии шахсӣ гузаронданд.
Дар бораи шумораи умумии муроҷиатҳо дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 4000 муроҷиат ҷамъоварӣ шудааст. Аз онҳо:
занон - 2,8 ҳазор,
мардон - 1,2 ҳазор,
оилаҳои муҳоҷирон – 910 ҳолат.
Оид ба масъалаи зӯроварӣ дар оила қариб 480 муроҷиат ворид шудааст.
Илова бар ин, Вазорати корҳои дохилӣ зиёда аз 1,5 ҳазор аризаю шикоятҳоро оид ба хушунати хонаводагӣ баррасӣ кардааст. Ба иттилои ин ниҳод, ин нисбат ба соли 2021 9 ҳолат камтар аст.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон чанд сол аст, ки телефони боварии 1313 фаъолият мекунад, ки шаҳрвандон метавонанд ба ҳар масъалаи марбут ба мушкилоти хонавода ва наздикон муроҷиат кунанд.