ДУШАНБЕ, 2 август — Sputnik. Сарраёсати маорифи шаҳри душанбе аз тағйироти кадрӣ дар се навоҳии пойтахти Тоҷикистон хабар дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳоди давлатӣ ахиран муаррифии мудирони нав дар толорҳои МИҲД-и ноҳияҳо бо иштироки муовини вазири маориф ва илми кишвар Абдулзода З.Н., муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром сурат гирифт.
Тибқи фармоиши вазири маориф ва илми кишвар, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино Давлатзода Насим Давлат, дар ноҳияи Шоҳмансур Ҷамила Мусоҷонова ва дар ноҳияи Фирдавсӣ Дилафрӯз Раҷабзода таъйин гардиданд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш вазири маорифи Тоҷикистон аз сатҳи таҳсил дар макотиби миёнаи кишвар изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки дар ин самт корҳои мушаххас оғоз шудаанд.
Раҳим Саидзода, вазири маорифи Тоҷикистон феълан барои бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда кор мекунад.
Ҳамчунин Саидзода зикр намуд, ки дар Тоҷикистон ба иловаи забони давлатӣ бояд ду забони дигар, яке русӣ ва дигаре хориҷӣ хуб омӯзонда шавад.
Ба гуфтаи ӯ дар ин самт ҳоло як лоиҳае омода бояд шавад, ки ба роҳҳои бештар забондон кардани хонандагон равона мешавад.
Хонанда тайи 11 сол дониши асосиро дар зинаи таҳсилоти миёна мегирад, аз ин сабаб таваҷҷуҳи мо низ дар ин самт равона шудааст.
Ӯ афзуд, ки дар макотиби кишвар бинобар барномаи мушаххаси давлатӣ дар бораи рушди илмҳои дақиқи таваҷҷуҳ бештар ба ин самт равона карда мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 3940 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 128 ҳазору 827 нафар омӯзгорон кор мекунанд, ки аз ин ҳисоб 80170 нафарро занон ташкил медиҳанд.
Мактабҳои кишвар ҳоло ба 3400 омӯзгор ниёз доранд.