ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав як сокини маҳаллиро барои тамаъҷӯйӣ равонаи зиндон кардааст.
Бино ба гузориши дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон маҳкумшуда Ю.Ф. бо роҳи таҳдиди паҳн кардни маълумоти беобрӯкунанда аз ҷавондухтари 23-солаи ҳамин ноҳияи шаҳрванд А.А. пул талаб кардаас.
Гуфт мешавад, номбурда санаи 26 феврали соли 2022 ба ҷавонзан занг зада, аз номбурда маблағи 500 сомонӣ бо таҳдиди аксҳои беобрукунанда (бадномкунанда)-и ӯро ифшо намудан, талаб кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ҷабрдида худи ҳамон рӯз соати 11:00 дақиқа 500 сомониро ба Ю.Ф. дар дохили беморхонаи Марказии ноҳияи Шаҳринав додааст, ки номбурда онро гирифта, ба самти номаълум ғайб задааст.
Дар робита ба ин қазия алайҳи ӯ додситонии ноҳиявӣ бо моддаи 250 қисми 2 банди "а" КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз намуда, додгоҳ ӯро барои 10 солу 6 моҳ равонаи зиндони дорои низоми пурзӯр кард.
Ин банди Кодекси ҷиноӣ барои тамаъҷӯӣ бо таҳдиди бадномкунӣ аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.
Чунин ҳолатҳои тамаъкорӣ дар Тоҷикистон қаблан низ ба қайд гирифта шуданд. Аз ҷумла ахиран дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров марди 27-сола боздошт гардида буд.
Ин мард низ аз зани 47-сола 15 ҳазор сомонӣ талаб карда, ӯро таҳдид намудааст, ки дар сурати надодани маблағ наворҳои бараҳнаи занро ба хешовандони наздикаш, аз ҷумла бародараш нишон медиҳад.
Муттаҳами мазкур низ боздошт гардида, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алаҳйи ӯ идома дорад.