ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Мақомоти Идораи гумрук дар вилояти Суғд дар бораи манъи содироти пиёз ба хориҷи кишвар иттилоъ доданд.
Зафар Маҳмадиев, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода ҳадафи ин дастури ҳукуматро шарҳ дод.
“Таъмини талалаботи бозорҳои кишвар ба ҳар намуд молу маҳсулот аз ҷониби ҳукумати кишвар таҳлил карда мешавад. Барои он, ки вақтҳои охир нархи пиёз нисбат ба солҳои қаблӣ то ду се баробар боло рафт. Ба хотири таъмини бозорҳои дохилӣ ва танзими нархи маҳсулот ҳоло содироти пиёз манъ шудааст” – гуфт, Маҳмадиев.
Бино ба гуфтаи сардори Раёсати гумруки Суғд ҳудуди ду ҳафта ба ин тараф содироти пиёз ба хориҷи кишвар боз дошта шудааст.
Бар пояи иттилоъи мақомоти гумрук давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳудуди вилояти Суғд, 66 ҳазор тон пиёз содирот карда шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ 10 ҳазор тон кам гуфта мешавад.
Бино ба омори Идораи гумрук аз оғози сол то замони ба даст овардани ҳосили нав талаботи бозорҳои кишвар танҳо аз ҳисоби воридоти 24, 7 тон пиёз таъмин шуда, зимнан бозорҳои кишвар пурра аз ҳисоби маҳсулоти ин навъ маҳсулоти ватанӣ таъмин карда шудааст.
Аммо имсол нархи пиёз назар ба 1 – 1, 5 сомонии солҳои қаблӣ то чаҳор маро ба 5 – 6 сомонӣ баробар шуд.
Масъулони идораи кишоварзӣ сабаби болоравии ин навъ маҳсулотро ба коҳишёбии кишти зироат, номусоидии боду ҳаво ва гароншавии нуриҳои минералӣ рабт медиҳанд.
Соли ҷорӣ кишоварзони вилояти Суғд дар майдони 3443 га пиёз кишт кардаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 846 га кам будааст.
Яке аз сабабҳои асосии камшавии майдони кишти ин навъ зироатро масъулони соҳа ба номусоидии боду ҳаво ва аз ин ҳисоб дуруст ба даст наовардани ҳосил ва зарари иқтисодии деҳқонҳо рабт медиҳанд.