Коҳиши монеаҳои тиҷории Эрону Русия

Масъулини Утоқи бозаргонии устони Гелони Эрон аз коҳиши монеаҳои ҷиддии тиҷории Эрону Русия дар моҳҳои ахир хабар доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ҳайати тиҷории устони Гелони Эрон ба вилояти Астрахани Русия сафар карданд ва бо мудирони аршаду иқтисодии ин вилоят дидор ва дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар карданд.
Ҳодии Тезҳуши Тобон, раиси Утоқи бозаргонии Гелон гуфтааст, ки парвози мустақими Рашт - Астрахани Русия як зесохти бисёр муҳим барои осонсозӣ дар фаъолиятҳои тиҷорӣ барои бозаргонон ва тавлидкунандагон аст.
Русия ва Эрон омода ба таъсиси иттиҳоди роҳбурдӣ ҳастанд
Вай афзуд, то тарафайн зимни суръат бахшидан дар мубодилоти тиҷорӣ битавонанд дар камтарин замони мумкин дар сурати ҳузур дар бозорҳои ҳадафи ду тараф бо якдигар ҳамкорӣ дошта бошанд.
“Фурсат барои тиҷорати Эрону Русия комилан муҳайё аст ва ду кишвар дар болотарин равобити сиёсӣ қарор доранд ва бо чунин равобити сиёсӣ тиҷорат ҳам бояд афзоиш ёбад” , - гуфт раиси Утоқи бозаргонии Гелон.
Денис Афанасев, муовини ҳайати давлат ва Станислав Синченко, раиси Утоқи бозаргонии вилояти Астрахан низ дар ҷамъи тоҷирону бозаргонони эронӣ дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар карданд.