ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Манзура Рустамова, муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар мулоқот бо Туркер Атеш, раиси Палатаи савдо ва саноати шаҳри Болуи Туркия масълаи ҷалби сармояи мустақими Туркия ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштарак ва имконияти сармоягузории ҷумҳурӣ баррасӣ намуд.
Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷониби Тоҷикистон аз меҳмонон даъват намуд, ки барои иштироки ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Болу зимни баргузории чорабиниҳои тиҷоратӣ дар қаламрави Тоҷикистон мусоидат кунанд.
Туркер Атеш баргузории намоишу бизнес-форумҳоро барои рушди фаъолияти бахши хусусӣ иқдоми нек шуморид.
Вай гуфт, ки барои иштироки ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Туркия дар чорабиниҳои тиҷоратии дар қаламрави Тоҷикистон баргузоршаванда тадбир меандешанд.
Манзура Рустамова зимни мулоқот барои ҷалби сармояи мустақими Туркия ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар, бунёди корхонаҳои муштарак, имконияти сармоягузории ҷумҳурӣ, имтиёзҳои пешбининамудаи Ҳукумати кишвар доир ба дастгирии соҳибкорону сармоягузорон ва рушди табодули молу маҳсулот миёни кишварҳои якдигар ба меҳмонон маълумоти мушаххас ва Роҳнамои тиҷоратӣ пешниҳод кард.