ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 ва ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани шаҳрвандони кишвар аз Чин ба Тоҷикистон 2 миллиону 543 ҳазору 200 воя ваксинаи “КоронаВак” ворид гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ дод, дар маросими қабули ваксинаҳои мазкур дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Вояҳои ваксинаи мазкур дар анбори махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба шаҳру навоҳии мамлакат интиқол дода мешаванд.
Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавируси COVID-19 дар тамоми ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ҷараён дорад.
Мақомоти тандурустӣ мегӯянд, ба ҳолати аввали моҳи июл вояи аввали ваксинаи зидди коронавирус ба зиеда аз 5,2 млн нафар ё 94% гузаронда шудааст. Вояи дуюмро беш аз 5,1 млн ё 92,2% ва вояи сеюмро зиёда аз 4,1 ё 73,3%-и аҳолии калонсоли кишвар гирифтаанд.
Маврид ба зикр аст, ки бар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон гирифтани ваксина барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.