ДУШАНБЕ, 1 август — Sputnik. Аспиранти Донишгоҳи Сеченов аз Тоҷикистон Элдор Ҷонназаров аз беҳтарин олимони ҷавон дар ИДМ шинохта шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Хонаи Русия дар Душанбе хабар додааст.
Шаҳрванди Тоҷикистон аз рӯи нашри V китоби байналмилалии асарҳои беҳтарин олимони ҷавони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар номинатсияи "Беҳтарин олими ҷавони ИДМ – 2022" соҳиби дипломи дараҷаи аввал гардид.
Ҳайати ҳакамон ба кори чашмшиноси 26-сола таҳти унвони "Такмили системаи баҳодиҳии қобилияти биноӣ дар кӯдакони синни томактабӣ ва кӯдакони кару гунг" баҳои баланд доданд.
Ҷонназаров бо роҳбарии академики Академияи илмҳои Русия, доктори илмҳои тиб, профессор Сергей Аветисов тадқиқот гузаронд.
Илова бар ин, ӯ беш аз 30 мақолаи илмӣ навишта, ду маротиба квотаи ҳукумати Русияро гирифтааст: барои ординатура дар Донишгоҳи РУДН ва аспирантура дар Донишгоҳи овозадори давлатии тиббии Маскав ба номи И.М.Сеченов (Донишгоҳи Сеченов).
“Баъди гирифтани унвони илмӣ мехоҳам ба Ватан баргардам ва дар кафедраи чашми ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар Душанбе ё ДДТТ дар Данғара фаъолиятамро идома диҳам", — гуфт Ҷонназаров.
Ҳоло мутахассис дар бобати сохтани атлас оид ба анатомия ва физиологияи чашм ва луғати офталмологӣ машғул аст, ки ба табибони тоҷик ёрӣ мерасонад. Олим тасмим гирифтааст, ки дар вилоят маркази офталмологӣ ифтитоҳ кунад, то ташхиси барвақт ва табобати саривақтии чашмро роҳандозӣ кунад.
Дафтари матбуоти Хонаи Русия тавзеҳ дод, ки нашри V-уми китоби байналмилалии осори беҳтарин олимони ҷавони ИДМ аз ҷониби Анҷумани байналмилалии олимони ҷавон бо дастгирии Анҷумани Ҷунбиши умумимиллии "Бобек" (Қазоқистон) ташкил карда шудааст.
Маводҳо дар вебсайти ташкилкунандагон ва китобхонаи электронии илмии eLibrary.ru нашр карда мешаванд.