Путин гузашти ҷашнии нерӯҳои баҳрии Русияро қабул мекунад - видео

Гузашти низомии ҷашнии нерӯҳои дарёии Русия бо иштироки наздик ба сад киштию ҳавопаймо дар ҳузури сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ баргузор шуда истодааст
Sputnik
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар гузашти асосии нерӯҳои дарёии кишвар дар Санкт-Петербург иштирок дорад. Бори нахуст аз соли 2017 инҷониб гузашти ҳарбиро шахсан сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Русия қабул мекунад.
Дар гузашти мазкур иштироки 47 киштии навъи гуногун, аз ҷумла зериобӣ дар назар буда, 42 чархболу ҳавопаймо низ иштирок хоҳанд кард. Чорабинӣ бо гузашти воҳидҳо дар соҳил дар наздикии майдони Сенат анҷом меёбад.
Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Русия ҳайати баҳрнавардонро шодбош гуфта, посухи секаратаи низомиёни дарёиро шунид. Сипас дар назди баҳрнавардон аз аҳамияти ин навъи нерӯҳои низомӣ ва иқтидорашон суҳбат кард. Ӯ гуфт, ба баҳрнавардони кишвар боварӣ дорад.
Боздиди Путин аз қатори киштиҳои низомӣ дар Кронштадт - видео
Маврид ба зикр аст, ки дар Русия ҳамасола Рӯзи нерӯҳои баҳрӣ якшанбеи охири моҳи июл таҷлил мешавад. Нерӯҳои дарёии Русия соли равон 326-умин солгардашонро таҷлил мекунанд.
Қаблан Владимир Путин баҳрнавардони қатори киштиҳои низомиро дар Кронштадт бо Рӯзи нерӯҳои баҳрӣ шодбош гуфт. Бар асоси навори нашркардаи дафтари матбуотии Кремл, Путин савори киштии "Раптор" аз пеши қатори киштиҳои низомӣ гузашта, ба баҳрнавардон бо паёми шодбошияш хитоб кард.