ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Қатъномаи "Минтақаи сулҳ, эътимод ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ", ки бо ташаббуси Ашқобод ба миён омадааст, дар Маҷмаи Умумии СММ расман қабул гардид.
Дар ин бора муовини нахуствазир, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дар ҷаласаи васеи ҳукумат хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар ҷаласаи 97-уми иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ рух додааст.
Раҳбари Вазорати корҳои хориҷӣ Сердар Бердимуҳамедов, раисиҷумҳури Туркманистонро бо ин рухдод табрик гуфт.
Ин пирӯзӣ самарабахшии сиёсати ҷумҳуриро ба таҳкими суботи сиёсиву иқтисодӣ ва ҳифзи сулҳу эътимод дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ собит кард, таъкид кард Мередов.
Вай муътақид аст, ки тасвиби қатънома бо ҳаммуаллифии 19 кишвари ҷаҳон ба фароҳам овардани имконоти нави геополитикӣ ва геоиқтисодӣ барои ҷаҳони амн ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ кумак мекунад.
Президент Сардор Бердимуҳаммадов ҳам мардуми кишварро бо қабули қатъномаи "Минтақаи сулҳ, эътимод ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ" аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ табрик гуфт.
Сарвари Туркманистон қайд кард, ки ин ҳуҷҷат хусусияти стратегӣ ва самараноки шарикии Туркманистон ва СММ-ро инъикос мекунад.