Кремл иқдомаш баъди вуруди Шветсия ва Финландия ба НАТО-ро ошкор кард

Намояндаи Кремл мегӯяд, вуруди Шветсия ва Финландия ба Созмони Атлантикаи Шимолӣ - НАТО расмиёте беш нест ва вокуниши Маскав вобаста ба амалашон хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Вуруди Шветсия ва Финландия ба НАТО иқдоми навбатии ин Эътилоф барои наздикшавӣ ба марзҳои Русия мебошад, изҳор дошт Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури ФР.
"Инро албатта Вазорати мудофиа бо дастури сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи кишвар таҳлил карда истодааст. Албатта ин ҳама ба назар гирифта мешавад", - изҳор дошт ӯ.
Песков таъкид намуд, ки Маскав амалан иқдоми минбаъдаи ин кишварҳоро пайгирӣ хоҳад кард, ки чӣ таҳдидҳое дар пай хоҳад дошт.
"Ин узвият як расмиёте беш нест. Баъдан чӣ хоҳад шуд? Инфрасохтори ҳарбӣ чӣ гуна хоҳад буд? Бо мураббиён, пойгоҳҳои ҳарбӣ ва ғайраҳо? Гап дар ҳамин аст", - гуфт сухангӯи раисҷумҳур.
Вай афзуд, ки вобаста ба амалҳо мақомоти Русия вокуниш хоҳанд кард.
Маврид ба зикр аст, ки Финландия ва Шветсия дар пасманзари ҳаводиси Украина рӯзи 18 май дархости пайвастан ба ин паймонро ба дабири кулли НАТО супурданд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия адами хатар аз ҷониби Маскав барои давлатҳои мазкурро таъкид намуда буд. Ҳамчунин мақомоти Русия изҳор доштанд, ки узвияти Шветсия ва Финландияро хатар ба мавҷудияти кишвар арзёбӣ намекунанд.
“Як рӯёрӯии сахт дар пеш аст”. Чаро мехоҳанд НАТО-ро ба Ҷонсон диҳанд?
Русия борҳо таъкид кардааст, ки ҳадафи НАТО муқовимат аст. Сухангӯи раисҷумҳури Русия изҳор дошта буд, тавсеаи минбаъдаи ин блок амнияти бештаре ба Аврупо намеоварад, НАТО характери зӯроварӣ дорад.
Владимир Путин изҳор дошта буд, ки даст кашидан аз сиёсати суннатии бетарафии низомии Финландия иштибоҳ хоҳад буд, зеро ба амнияти он таҳдиде вуҷуд надорад.
Дар зимн сардори пулиси амнияти Финландия изҳор дошта буд, ки дар пайи эълони азми кишвар барои узвият дар НАТО дар муносибот Русия "ҳеч чизе рух надодаст".