ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Барои муайян кардани шахсияти муҳоҷирони ҳалоктшуда дар сӯхтори хобгоҳ дар Маскав гуруҳи кории сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ҷои ҳодиса рафтаанд.
Дар ин бора масъулини сафорат ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода, афзуданд, ки дар навбати аввал ҳуввияти муҳоҷирон муайян карда мешавад.
"То ҳол маълум нест, ки миёни муҳоҷирони ҳалокшуда шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ё не", - гуфт масъули сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Мусоҳиб таъкид намуд, ки дар сурати будани шаҳрвандони Тоҷикистон миёни ҳалокшудаҳо, сафорат барои фиристодани ҷасадҳо ба аҳли хонаводаи онҳо кумак хоҳад кард.
Сӯхтори хобгоҳе дар кӯчаи Алмаатои шаҳри Маскав, ки шаби 29 июл рух дод, 8 кушта ва 4 маҷруҳ барҷой гузошт. Ба иттилои расонаҳо, қурбониён муҳоҷирони меҳнатӣ будаанд.
Дар зимн таъкид мешавад, ки сокинони маҳаллӣ кӯшиш кардаанд, ки ба қурбониён кумак кунанд ва панҷараҳоро шикананд, аммо натавонистаанд.
Хабаргузории ТАСС аз қавли манбааш овардааст, ки ҳамаи ҳалокшудаҳо дар як ҳуҷра хоб буда, бар асари заҳролудшавӣ аз гази сӯхтор ҷон додаанд. Истисно нест, ки ҳангоми сӯхтор онҳо хоб будаанд, афзудаст манбаъ.
Расонаҳо таъкид кардаанд, ки дар ин хобгоҳ асосан муҳоҷирони меҳнатӣ иқомат мекардаанд, ки дар маҷмааи тиҷоратии "Москва" ва бозори "Садовод", ки дар қарибии он қарор доранд, кор мекунанд.
Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия изҳор доштааст, ки маъмурияти хобгоҳи мазкур борҳо қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро нақз карда буд ва чанд бор дастур барои ислоҳи камбудиҳо гирифта буданд. Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.