Толибон ба ваъда вафо накарданд. Кобулов гуфт, маводи мухаддир дар Афғонистон кам нашуд

Намояндаи вижаи президенти Русия дар умури Афғонистон мегӯяд, толибон ваъдаашон дар бораи мубориза ба маводи мухаддирро иҷро накарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Толибон истеҳсол ва кишти маводи мухаддирро натавонистанд дар Афғонистон коҳиш диҳанд.
Дар ин бора Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон зимни як ҷаласа изҳор дошт.
Номбурда гуфт, ки кишти кукнор тақрибан 5 миллион нафарро дар ин кишвар ғизо медиҳад.
"Маҳрум кардани онҳо бе пешниҳоди чизи нав кишварро ба низоъҳои шадиди шаҳрвандӣ дучор хоҳад кардДар ин замина истеҳсоли маводи мухаддир танҳо меафзояд.", - гуфт Кобулов.
Маврид ба зикр аст, ки бо ба қудрат расидани ин гуруҳ раҳбарияти он Ҳайбатулло Охунзода фармон дод, ки кишту истеҳсоли маводи мухаддир пешгирӣ шавад.
Аммо гузоришҳо дар дохил ва хориҷи ин кишвар мерасад, ки киштукор ва фурӯши маводи мухаддир озодона амалӣ карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ гуфт, ки толибон дар бораи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ваъдаи мубориза дода буданд, ки натиҷаи он равшан нест.
Ба гуфтаи ӯ дар як соли ба қудрат расидани ин гурӯҳ дар Афғонистон мизони қочоқи маводди мамнуъ дар марз на танҳо коҳиш наёфтааст, балки ҳатто афзудааст.
Истихбороти Русия: Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба ОМ ду баробар афзоиш ёфтааст
"Толибон изҳор доштаанд, ки алайҳи паҳншавии маводи мухаддир мубориза хоҳанд бурд, аммо мо натиҷаи рӯшанеро мушоҳида намекунем - дар Тоҷикистон давоми як сол, нисбат ба соли гузашта, бештар маводи мухаддир мусодира шудааст. Яъне мо иҷрои ваъдаҳои толибонро намебинем", - гуфт вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода.
Тибқи иттилои ин ниҳод, зарфи шаш моши соли ҷорӣ дар кишвар бо ҷурми омода нигоҳдошт ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 223 нафар боздошт гардиданд.
Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби ин ниҳод як тона маводи мухаддир мусодира ва шаш гуруҳи муташаккили ҷиноӣ маҳв карда шудааст.
Дар робита ба ин ҷиноёт аз ҷумла 20 шаҳрванди Афғонистон дастгир шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки коршиносон низ қаблан гуфтан буданд, толибон ба ин ваъдаашон истод нестанд. Зеро гуруҳе, ки дар гузашта аслан манбаи даромадаш фурӯши маводи мухаддир буд, аз ин кор канорагирӣ карда наметавонад.
Ҳамчунин вазъи душвори иқтисоди ин кишвар ба коҳиши он иҷоза намедиҳад.
Қаблан Владимир Кулишов, муовини аввали раиси Хадамоти марзбонии Русия ба дар бораи қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон гуфт, "вазъият дар ин кишвар ҳанӯз душвор аст".