ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дилшод Исматуллозода, мудири кулли ширкати “Тоҷик эйр”, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ширкат бинобар сабаби надоштани ҳавопаймои коршоям, дар соли равон ба мусофирон хизмат накардааст.
Дар ҳамин ҳол, ширкати ҳавоии “Сомон эйр” парвозҳои мунтазам ва чартерии худро дар хатҳои ҳавоии байналмилалӣ ва маҳаллӣ ба роҳ монда, ҳамагӣ 234,3 ҳазор нафар мусофир интиқол дод.
Масъулини ин шикат таъкид карданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин соли гузашта 97,7 ҳазор мусофир ё 71,5 дарсад зиёд мебошад.
Тибқи иттилои мақомот, фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2022 ба кишварҳои хориҷи дуру наздик як ширкати ҳавоии ватанӣ “Сомон эйр” ва 10 ширкати ҳавоии хориҷӣ аз ҷумла “Ют эйр”, “Севернҷй ветер”, “Сибир –S7”, “Ямал”-и Русия, “Эйр Астана” –и Қазоқистон, “Ӯзбек ҳаво юлларӣ”-и Ӯзбекистон , “Флай Дубай”- Аморати муттаҳидаи Араб, “Туркиш Айрлайнс”, -Туркия ва “Вориш айраланс”-и Эрон парвозҳои мунтазамро анҷом доданд.
Қайд карда шудааст, ки дар шаш моҳи соли равон фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ҳамагӣ ба 1302 ҳазор мусофир хизмат расонидаанд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли 2021 -790,8 ҳазор мусофир ё 2,5 маротиба зиёд мебошад.