ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Сафарзода Дилшод, роҳбари Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон дар шарҳи хабарҳо оид ба варшикастагии ягона ширкати ҳавонавардии миллӣ "Тоҷик Эйр" гуфт, ки хулосаи комиссияи давлатиро интизоранд.
Ӯ ин нуктаро 28 июл зимни нишасти хабарияш дар Душанбе изҳор дошт.
“Ҳама аз муфлисшавӣ мегӯянд, вале ҳоло ягон чиз аниқ нест. Кор рафтаистодааст ва мо хулосаи комиссияро интизорем”, - таъкид намуд Сафарзода.
Зимнан, Роҳбари ширкати "Тоҷик Эйр", Дилшод Исматуллозода тасдиқ кард, ки вазъияти ширкати мазкур дар ҳоли хело вазнин қарор дорад.
Ӯ гуфт, феълан гурӯҳҳои корӣ тамоми пешниҳодҳое, ки аз ҷониби шарикони тиҷоратӣ ироа шуд, мавриди омӯзиш қарор додаанд.
“Умедворем, мо парвозҳоро аз сар мегирем”,- хулоса намуд Дилшод Исматуллозода.
Ин иддаои роҳбари ширкат дар ҳолест, ки қаблан Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи Олии Иқтисодии Тоҷикистон гуфт, ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дар садади муфлишавӣ қарор дорад.
Ҳамчунин Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон низ гуфта буд, ки суратҳисобҳои ширкат дар ҳабс буда, ягон маблағ надорад.
Ҳамзамон қаблан гуфта мешуд, ки ин ширкат аз андоз ва ҳатто кормандонаш қарздор аст.
Қарзи ширкат танҳо дар назди кормандонаш дар миёнаи соли 2021 7,8 миллион сомонӣ эълон шуда буд.