ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Ширкати ҳавоии “Сомон эйр” эълон кардааст, ки дар ояндаи наздик барои анҷоми парвозҳо ба Пекин, Сеул ва Лондон ду ҳавопаймои дигари "Boeing" мехарад, дар ин бора муовини директори генералии ширкати мазкур Абдулқосим Валиев дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай, ҳавопаймоҳо дар моҳи августи соли равон ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд.
“Ин ҳавопаймоҳо нав нестанд, 4-5 сол боз истифода мешаванд, аммо дар ҳолати хуб қарор доранд. Ҳавопаймоҳо дар асоси лизинг ба мухлати муайян харида мешуданд”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Абдулқосим Валиев, ширкати ҳавопаймоӣ дар мавриди харидории ҳавопаймоҳо тақрибан бо тамоми ширкатҳои ҳавоии ҷаҳонӣ гуфтушунид дорад.
Вай афзуд, аз ҷумла шикати ватанӣ бо ширкатҳои "Airbus", ATP, "Embrare" ва ғайра гуфтушунид дорад.
Ширкати “Сомон эйр” мегӯяд, ки афзалияти ширкат дар ин хусус дар харидории ҳавопаймоҳое ҳаст, ки сӯзишвориро кам масраф мекунанд.
Ширкати ҳавоӣ дар панҷ соли оянда теъдоди ҳавопаймоҳоро ба 10 адад афзоиш додааст. Дар мавриди харидории ҳавопаймоҳое, ки то 57 мусофир мекшонанд ва барои парвозҳои дохилӣ истифода мешаванд, бо ширкати ҳавопаймоии фаронсавии ATR гуфтушунид идома дорад.
Дар ҳоли ҳозир, дар парки "Сомон Эйр" шаш ҳавопаймо мавҷуд аст. Бо афзоиши шумораи ҳавопаймоҳо, ширкати ҳавопаймоӣ нақша дорад, ки дар оянда парвозҳои навро дар масирҳо, аз қабили Пекин, Сеул, Лондон анҷом диҳад.