ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар Афғонистон ягон мухолифи қавие вуҷуд надорад, ки тавони муқобила бо ҳукумати кунунии толибон дошта бошад ва нерӯҳои ҷиддии низомӣ дар қиболи онҳо эҷод кунад.
Дар ин бора Замир Кабулов, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар Афғонистон, мудири департаменти дуюми Осиёии Вазорати умури хориҷии Русия ба хабарнигорон хабар дод.
"Дар Афғонистон ягон мухолифи қавӣ вуҷуд надорад, ки метавонад мувозинати низомиро бо мақомоти кунунӣ эҷод кунад",- гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден дар охири моҳи апрели соли 2021 дар бораи оғози хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин ҷумҳурӣ хабар дода буд.
То охири моҳи август дар ҷумҳурӣ ягон нафар ҳарбии хориҷӣ намонд. Толибон аз вазъият истифода бурданд. Онхо ба мухорибахои шадид бо кушунхои Афгонистон шуруъ карда, территорияхои онро ишгол мекунанд.
Ҳамин тавр, 15 август радикалҳо вориди Кобул шуданд, қасри президентро ишғол карданд ва анҷоми ҷангро эълон карданд.
Ягона нафаре, ки бар зидди қудрати ҷангҷӯён муборизаро идома медиҳад, артиши Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо сарварии писари шери Панҷшер Аҳмадшоҳи Масъуд Аҳмад Масъуди хурдӣ мебошад.
Пас аз ба даст овардани ҳокимият дар ҷумҳурӣ аз ҷониби толибон, Панҷшер барои чанд муддат ягона вилояте шуд, ки аз ҷониби радикалҳо таҳти назорат набуд.
Толибон бо лашкаркашӣ дар тирамоҳи 2021 манотиқи аҳолинишини вилоятро ишғол карданд, аммо то кунун натавонистаанд ба куҳҳои Ҳиндукуш, ки қароргоҳҳои муқовиматиён аст, тасаллут пайдо кунанд.
Дар авоили моҳи феврали соли 2022 Алӣ Майсам Назарӣ, раиси бахши равобити хориҷии ин ҷабҳа гуфт, ки ҷангиён ба ҷанги густарда алайҳи толибон то озодсозии Афғонистон идома медиҳанд.
Дар Афғонистон ҳамакнун дар баробари ҶММА ҳамзамон ҷабаҳоти "Озодӣ", "Озодагон", "Ватандӯст" ва ҳамчунин Шӯрои олии муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон таъсис шудааст, ки ба ҳар навъе мубориза мебаранд.