Созмони Афви Байналмилал: Зиндагии занони Афғонистон зери султаи толибон вайрон шудааст

Созмони Афви Байналмилал дар тозатарин гузоришаш ба вазъи зиндагии занон ва духтарони Афғонистон зери султаи толибон пардохтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Ба нақл аз расонаҳо, ахиран гузорише нашр шудааст, ки дар он ба боздошти занони муътариз аз сӯии толибон, боздошти занон ба иттиҳоми фасоди ахлоқӣ ва афзоиши чашмгири издивоҷи кӯдакон пардохтааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Бар асоси ин гузориш, занон дар посух ба эътирозоти мусолиматомез барои барқарории ҳуқуқашон бо мавҷе аз озору азият, боздоштҳои худсарона, нопдидшудан, шиканҷаҳои ҷисмӣ ва равонӣ аз сӯии толибон рӯ ба рӯ шудаанд.
Ёфтаҳои Созмони Афви Байналмилал нишон медиҳад, ки нархи издивоҷи кӯдакон ва издивоҷҳои иҷборӣ дар Афғонистони зери султаи толибон дар ҳол афзоиш аст.
Мулло Бародар: Бо хайрияҳои хориҷиҳо Афғонистон обод намешавад
Агнес Комолор , дабири кули афви байналмилал бо ибрози нигаронӣ аз саркуби хафақоновари занон Афғонистон гуфтааст: "сиёсатҳои сахтгиронаи толибон миллионҳо занону духтаронро аз ҳақи доштани зиндагии амну озод маҳрум мекунад".
Ба гуфта дабири кулли САБ, сиёсати саркуби толибон тақрибан ҳамаи ҷанбаҳои зиндагии занони Афғонистонро фаро гирифтааст.
Афви байналмилал аз давлатҳои узви созмони милал хостааст, ки ҳарчӣ зудтар стротежии қавӣ ва ҳамоҳангро барои ҳимоят аз занони афғон эҷод кунанд.