Вазири хориҷаи Чин ба Тоҷикистон меояд

Расонаи чиние навиштааст, ки Вазири умури хориҷии Чин дар баробари сафари кориаш ба Қирғизистон ва Ӯзбекистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон низ хоҳад рафт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон.

"31 июл – 1 август узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд", - иттилоъ додааст вазорати хориҷа.

Тибқи иттилои манбаъ, сафар бо даъвати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сурат мегирад.
Дар доираи сафар мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар назар аст.
Интизор меравад, ки зимни мулоқотҳо ҳамкории дуҷониба ва вазъи минтақа баррасӣ гарданд.
Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ сафари вазири умури хориҷаи Чин ба кишварҳои ҳамсоя Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ дар назар аст.
Тавлиди тило дар Тоҷикистон бештар шуд: Саҳми Чин чанд аст?
Сафари расмии Ван и ба Ӯзбекистон рӯзҳои 28-29 июл оғоз шуда, ӯ дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай иштирок мекунад.
Иттилоъ дода шудааст, ки сафари Ван И ба Тошканд ва Бишкек бо даъвати иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов ва вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев анҷом мепазирад.
Бояд гуфт, ки расонаи чинӣ аз ҷузъиёти сафари вазири корҳои хориҷии Чин Ван И ба се кишвари Осиёи Марказӣ маълумоти пурра дода надодааст.