ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини нахуствазири толибон дар маросими ифтитоҳияи марҳалаи дувуми Банди Каҷакӣ гуфтааст, ки ин кишвар бо кумаку садақаи хорҷиҳо сохта нашудааст.
“Мо бо тавлидоти худ кишвари худро хоҳем сохт", - гуфт Мулло Бародар.
Ба гуфта вай, ҷомеъаи ҷаҳонӣ ватани моро насохтаанд, балки онро вайрон карданд ва акнун мо машғули бозсозӣ он ҳастем.
Қарор аст, толибон имрӯз дастгоҳи тавлиди барқи 100 мегаватаи банди Каҷакӣ Ҳилмандро ифтитоҳ кунанд.
Пеш аз ин низ мулло Абдулғании Бародар, муовини иқтисодии раис толибон гуфта буд, агарчӣ давраи ҳузури ишғолгарони амрикоӣ ва ғарбӣ дар Афғонистон ба поёни расида ва ин душманон комилани шикаст хурдаанд, аммо ҳануз ҳам дар арсаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҳоли анҷоми дасисаи зид Афғонистон ҳастанд.
Маврид ба зикр аст, ки толибон минаи моҳи августи соли 2021 пас аз суқути ҳукумати қаблӣ ба қудрат расиданд.
Ин гуруҳ ҳукумати худро ташкил дод, аммо наздик ба як сол мешавад, ки бинобар иҷро накардани тааҳҳудоти худ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта намешавад.