Абдуллозода: Хидматрасонӣ дар таваллудхонаҳо ройгон аст

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон масъалаи марбути муошират ва ҳолатҳои тамаъҷӯӣ дар таваллудхонаҳои кишварро таҳти назорат гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар таваллудхона дучори фасоду тамаъкорӣ шудааст, метавонад ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат кунад, изҳор дошт Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Вай таъкид намуд, ки дар сурати вуруди муроҷиат фавран ба он расидагӣ сурат мегирад, чун хизматрасонӣ дар таваллудхонаҳои Тоҷикистон ройгон мебошад.
Инчунин аз нигарониҳо дар мавриди буриши қайсарӣ дар таваллудхонаҳо зикр шуд. Вазир изҳор дошт, ки дар ин масъала нархномаи муайян муқаррар гардидаст, ки наздикони бемор метавонанд 475 сомонӣ дар хазинаро супоранд ва ягон кас ҳақ надорад аз онҳо маблағи иловагӣ талаб кунад.
Ба иттилои Абдуллозода, дар пайи роҳандозии ин иқдом теъдоди буришҳои қайсарӣ низ коҳиш ёфта, то ба 10% аз шумораи умумии таваллуд расидааст.
Садҳо табиб тарки Тоҷикистон кард: шарҳи Абдуллозода
Ӯ инчунин аз таҷрибаи кораш дар таваллудхона зикр намуд, ки баъзан наздикони бемор, бидуни он, ки духтур чизе талаб кунад, довталабона маблағ ё ҳадяеро медиҳанд.
Вай таъкид намуд, ки дар ҳар таваллудхона телефони роҳбарияти муассиса ва телефони боварии Вазорати тандурустӣ насб шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд тавассути он дар мавриди фасодкориҳо хабар диҳанд.
Ба иттилоои мақомоти тандурустӣ, дар Тоҷикистон ҳар се дақиқа як кӯдак ба дунё меояд. Абдуллозода мегӯяд, сатҳи таваллуд дар рӯз 480 то 660 навзод буда, дар таносуби минтақаҳо пойтахт пешсаф аст.
Ба иттилои вазир, дар Душанбе дар шабонарӯз аз 80 то 130 тифл ба дунё меояд. Дар Тоҷикистон 2,5 миллион нафар зани қобили таваллуд иқомат доранд.