Мирзиёев аз толибон даъват кард, ки равобитро бо террористҳо қатъ кунанд

Мақомоти Ӯзбекистон аз аз ҳукумати худхондаи толибон хостаасд, ки робитаҳояшонро бо созмонҳои террористиро қатъ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз ҳукумати муваққати Афғонистон даъват кардааст, ки ҳама гуна иртибот бо созмонҳои террористии байналмиллалиро қатъ кунад.
Рӯзҳои 25-26 июл дар Тошканд конфронси байналмилалии "Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ" баргузор мешавад. Дар кори он қариб 100 ҳайати намояндагони хориҷӣ иштирок мекунад.
"Мо аз ҳукумати кунунии Афғонистон даъват мекунем, ки иродаи устувор нишон диҳад ва барои пешгирӣ ва муқовимат бо терроризм дар ҳама шаклу зуҳуроташ чораҳои қатъӣ андешад, иртибот бо ҳама байни созмонҳои террористиро канда кунад", - омадааст дар муроҷиатномаи Мирзиёев ба ширкаткунандагони ҳамоиш.
Ҳамчунин дар муроҷиатнома, ки матни онро Абдулазиз Комилов, намояндаи вижаи раҳбари ин кишвар дар умури сиёсати хориҷӣ қироат кард, гшуфта мешавад, қатъи робита бо гуруҳҳои дигари террористӣ ба таҳкими эътимод ба ҳукумати муваққат мусоидат хоҳад кард.
Раҳмон: Толибон наметавонанд Афғонистонро идора кунанд
Мирзиёев ҳамчунин аз ширкаткунандагони конфронс даъват кард, ки саъю кӯшиши худро ба фароҳам овардани заминаҳои воқеии рушди Афғонистон ҳамчун кишвари осоишта, босубот ва шукуфону орӣ аз терроризм ва маводи мухаддир равона созанд.
"Авлавияти кори мо бояд барқарорсозии иқтисод бошад, ки шарти муҳими ноил шудан ба сулҳи пойдор дар ин кишвари азиятдида аст", - афзуд президенти Ӯзбекистон.
Маврид ба зикр аст, ки толибон минаи моҳи августи соли 2021 пас аз суқути ҳукумати қаблӣ ба қудрат расиданд.
Ин гуруҳ ҳукумати худро ташкил дод, аммо наздик ба як сол мешавад, ки бинобар иҷро накардани тааҳҳудоти худ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта намешавад.