Сардори КҲФ Суғд гуфт, сокинони кадом минтақа бештар ғарқ шудаанд

Сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Суғд дар бораи 18 ҳолати ғарқшавии шаҳрвандон дар кулу дарёву обанборҳои Суғд хабар дод
Sputnik
Додиён Баҳром, гуфт аксари ғарқшудагон ё аз водии Зарафшон ҳасатанд ё аз минтақаи ҷануби кишвар.
Сардори КҲФ Суғд яке аз сабабҳои ғарқшавии ҷавонуну кӯдаконро дар беназоратии волидайн номид.

“Барои тасдиқи гапи ман, Шумо як бегоҳ оббозигоҳи шаҳри Хуҷанд равед. Онҷо то соати 12 ё яки шаб кӯдакон оббозӣ доранд. Онҳоро касе назорату ҳамроҳӣ намекунад”.

Вай гуфт танҳо дар минтақаи Кӯҳистони Мастчоҳи дар соли равон 6 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст.
Офатҳо дар Суғд зиёду фавт кам шудааст
Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар 6 моҳи соли равон ба хотири риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ 84 нафар дар рӯдхонаҳо ва обанборҳои кишвар ғарқ шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 маврид бештар аст.
Дар миёни ғарқшудагон 7 кӯдаки то 4 сола, 15 кӯдаки аз 5 то 10 сола, 24 нафар ноболиғон аз 11 то 16 сола, 27 нафар аз ҷавонон аз 17 то 35 сола ва 11 нафари дигар аз 35 сола боло ғарқшуда ҳастанд.