ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Владимир Чижов, намояндаи доимии Русия дар назди Иттиҳоди Урупо дар шабакаи телевизионии “Россия 24” гуфтааст, Маскав барои ба эътидол овардани вазъ дар бозори ҷаҳонии ғизо ҳама корҳоро мекунад.
"Ба эътидол овардани бозори ҷаҳонии ғизо ба нафъи Русия аст, ки кишвар дар ин замина кор мекуна", - гуфт Чижов.
Ӯ афзуд, фаъолияти дипломатҳои рус барои аз байн бурдани маҳдудиятҳо дар содироти маводи ғизоии Русия, аз ҷумла ғалла ва нуриҳои минералӣ идома дорад.
Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии ин кишвар гуфта буд, ки Русия дар музокирот дар Истанбул бар зарурати дарёфти роҳи ҳаллӣ масоили содироти ғаллаи Русия ва Украина таъкид кардааст.
Сергей Шойгу, вазири дифои Русия рӯзи 22 июл хабар дод, ки дар Истанбул ду санад барои ҳалли мушкилоти таъмини ғизо ва нуриҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба имзо расидааст.
Гуфта мешавад, ки санадҳо дар бораи лағви маҳдудият дар интиқоли маҳсулоти Русия барои содирот ва кумаки Русия дар содироти ғаллаи Украина буданд.
Созише, ки аз ҷониби Русия, Туркия, Украина ва СММ баста шудааст, содироти ғалла, ғизо ва нуриҳои Украинаро тавассути Баҳри Сиёҳ аз се бандар, аз ҷумла Одесса дар бар мегирад.
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия рӯзи якшанбе ба мавқеъҳои артиши украинӣ дар бандари Одесса зарба заданд, аммо ба гуфти сухангӯи дафтари матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков ин ба раванди содироти ғалла монеагӣ намекунад.
Ҳамчунин Фарҳон Ҳақ, муовини сухангӯи дабири кулли СММ гуфт, бо вуҷуди зарба ба низомиён дар бандари Одесса, амалиёти содироти ғалла аз Украина тавассути Баҳри Сиёҳ метавонад амалӣ шавад.