Раҳмон хост, Русия барои Тоҷикистон прокурор тайёр кунад

Мақомоти тоҷик аз Маскав хостаанд, ки барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар риштаи додситонӣ квота ҷудо намояд. Русия ин масъаларо ба баррасӣ гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон хостори таҳсили шаҳрвандони кишвар дар Донишгоҳи прокуратураи Русия тибқи квота шудааст. Ҳамтои русиягияш, Игор Краснов гуфтааст, масъала аллакай дар ҳукумат дар ҳоли баррасист.
Ба иттилои Додситонии кулли Русия масъалаи таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар риштаи прокуратура дар ФР, зимни мулоқоти Юсуф Раҳмон ва Краснов дар Душанбе баррасӣ гардид.
Краснов зикр намудаст, ки дар пайи дархости Юсуф Раҳмон барои ташкили таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон аз тарқиқи квота, додситонии Русия бо ин масъала ба ҳукумат муроҷиат намудаст.
"Фикр мекунам, посух ба дарозо гузошта нахоҳад шуд", - илова намуд додситони кулли Русия.
Вай зикр намудаст, ки дар ҳоли ҳозир имкони таҳсили додситонҳои тоҷик дар Донишгоҳи прокуратураи Русия аз рӯи барномаи такмили ихтисос имконпазир мебошад.
"Чунин давраҳои омӯзишӣ тирамоҳи соли равон дар нақшаанд ва ман бо камоли майл кормандони додистонии кулли Тоҷикистонро барои иштирок дар онҳо даъват мекунам", - изҳор доштаст Краснов.
Чаро Украина ба Тоҷикистон таҳдид мекунад? Посухи Краснов
Инчунин дар доираи сафари ҳайати додситонҳои Русия ба Душанбе, прокурорҳои меҳмон назди ҳамтоёни тоҷикашон суханронӣ дар масоили мубрами соҳа ибрози назар кардаанд.
Додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Русия зарурати таҳкими ҳамкориро дар шароити хуруҷи таҳдидҳои нав муҳим хондаанд.