ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Тибқи иттилои ин Агентӣ, дар ин давра ҳаҷми умумии тиҷорати мутақобил байни ду кишвар 52,7 миллион долларро ташкил додааст, ки 97,2 дарсади он ба содироти мол аз Тоҷикистон ба Афғонистон рост меояд.
Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, дар муқоиса бо ҳаҷми содирот дар нимаи аввали соли 2021 ин нишондиҳанда 38 дарсад зиёдтар будааст.
Дар замони ҳукумати пешини Афғонистон ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон каме бештар аз 37,2 миллион долларро ташкил медод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба андозаи 3 дарсад коҳиш ёфта буд.
Тибқи иттилои агентии омор маҳсулоте асосие, ки аз Тоҷикистон ба Афғонистон содирот мешавад, неруи барқ мебошад.
Агентии омор хабар додааст, ки дар зарфи 6 моҳ Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 44,9 миллион доллар неруи барқ фурӯхтааст.
Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ҳудуди 92 дарсади аз ҳаҷми содироти барқ ба Афғонистон рост меояд. Ҳамчунин ба Ӯзбекистон низ як миқдор неруи барқ интиқол дода шудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ, дар нимсолаи аввал ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ зиёда аз 1,2 млрд долларро ташкил дод.
Ҳаҷми гардиши моли хориҷии Тоҷикистон ба беш аз 3,5 млрд доллар баробар шуд, ки 14,6% зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст.