ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ифтитоҳи масҷид аз ҳарду ҷониб - Тоҷикистон ва Қатар вобаста аст.
Ба гуфтаи вай, ба таъхир афтодани ифтитоҳи масҷид ба пандемияи коронавируси COVID-19 рабт дошт.
“Масҷид ҳатман ифтитоҳ мешавад, аммо кай ифтитоҳ мешавад ин аз вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон вобаста аст”, - таъкид кард Сулаймон Давлатзода.
Бояд гуфт, ки сохтмони Масҷиди марказии шаҳри Душанбе соли 2019 ба анҷом расида, қарор буд моҳи ноябри ҳамон сол ифтитоҳ шавад. Аммо баъдтар, ифтитоҳи масҷид ба моҳи марти соли 2020 ва сипас - бинобар пандемия - ба муддати номуайян ба таъхир гузошта шуд.
Санги асоси ин масҷид моҳи октябри соли 2009, дар зимни таҷлил аз 1310-солагии асосгузори мазҳаби ҳанафӣ Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (Имом Аъзам) гузошта шуда, сохтмони он моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида буд.
Ҳазинаи сохтмон ҳудуди 100 миллион долларро ташкил дод, ки аз ин ҳисоб Тоҷикистон 30 миллион доллар ва Давлати Қатар 70 миллион доллар саҳм гузоштаанд.
Ба иттилои Кумитаи дин, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 49 масҷиди ҷомеъ, 327 масҷиди ҷуъахонӣ ва 3612 масҷиди панҷвақта расман фаъолият доранд.