ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Тоҷикистон беш аз 204 ҳазор ваксинаи дигарро дастрас кард, хабар дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
Ба иттилои манбаъ, ваксинаҳои мазкур чанд пештара қаблан ба сокинон гузаронда мешаванд. Зикр гардидааст, ки аз аввали маъракаи эмгузаронӣ бар зидди COVID-19 зиёда аз 15,1 млн ваксина ворид шуда буданд.
Моякӯбӣ бо вояи сеюми ваксина зидди коронавирус дар Тоҷикистон аз оғози соли равон оғоз гардида, феълан идома дорад.
Мақомоти тандурустӣ мегӯянд, ба ҳолати аввали моҳи равон вояи аввали ваксинаи зидди коронавирус ба зиеда аз 5,2 млн нафар ё 94% гузаронда шудааст. Вояи дуюмро беш аз 5,1 млн ё 92,2% ва вояи сеюмро зиёда аз 4,1 ё 73,3%-и аҳолии калонсоли кишвар гирифтаанд.
Маврид ба зикр аст, ки бар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон гирифтани ваксина барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шаҳрвандоне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирусро нагирифтаанд, даъват намудаст, ки ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат кунанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, феълан ягон ҳолати тасдиқшудаи гирифторӣ ба бемории коронавирус дар ҷумҳурӣ ҷой надорад. Яке аз омилҳои аслии дигарбора хуруҷ накардани бемории коронавирус дар Тоҷикистон ба сатҳи баланди ваксинагирӣ миёни сокинони аҳолӣ рабт дода мешавад.