Фоҷиа дар Кӯлоб: марду 4 кӯдак зери хок ҷон доданд

Талоши хонасозӣ барои харгӯш дар шаҳри Кӯлоб бо ҳалокати 5 нафар анҷомидааст, ки 4 нафарашон кӯдак буданд ва аз 6 то 12 сол син доштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Панҷ нафар дар деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб зери хок монда, ба ҳалокат расидаанд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, фоҷиаи пурқурбонӣ 24-уми июл рух додааст. Тавзеҳ дода шудааст, ки 5 нафар хостанд хоки теппаро канда, барои харгӯшон лона созанд.
"Баногаҳ кӯҳпора болои онҳо чаппа шуд ва ҳамагӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд", - омадааст дар иттилоия.
Сокинони маҳаллӣ дастаҷамъӣ талош кардаанд, ба кумаки ҳамдеҳагонашон расанд, аммо танҳо тавонистаанд, ки 5 ҷасадро аз зери хок берун овардаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳалокшудаҳо як марди 45-сола ва боқимонда ноболиғони 12, 10, 9 ва 6-сола зикр намудааст.
Бархӯрди 2 "Мерседес" дар роҳи Душанбе - Чаноқ 6 куштаю маҷруҳ барҷой гузошт
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба волидони қурбоншудагон таслият арз карда, аз шаҳрвандон хостаст, ноболиғонро ба корҳои хатарнок ҷалб накунанд.
Аз чунин корҳое, ки паёмадҳои нохӯш доранд, худдорӣ кунанд ва ҳаргиз набояд ба чунин корҳои пурзаҳмату хатарзо тифлону наврасонро ҷалб намуд, таъкид намудаст КҲФ.