Баррасии истирдоди ҷинояткорон миёни Раҳмон ва додситони кулли Русия

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо додситони кулли Русия масъалаи таъмини амният ва ҳамкории ҳуқуқӣ дар чорчӯби шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо Игор Краснов, додситони кулли Русия, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст, доираи васеи масъалаҳои вобаста ба таъмини амният ва ҳамкории ҳуқуқӣ дар чорчӯби шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
“Мавзӯъҳои таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи шаҳрвандони ду кишвар аз ҳама гуна зуҳуроти ҷиноятӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд”, - таъкид кардааст дафтари матбуоти президент.
Прокурори генералии Русия вориди Душанбе шуд
Ҳамхзамон манбаъ хабар додааст, ки дар ин мулоқот ба муҳиммияти таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар самти муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар намудҳои ҷинояткории махсусан вазнин таъкид карда шуд.
“Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилиро, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои таҳмили идеологияи тундгароии динӣ ба ҷомеа, ҳамчунин гурӯҳҳои “хуфта”-и терроризму экстремизми байналмилалӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд”, - қайд кардааст дафтари матбуоти президенти кишвар.
Инчунин зикр шудааст, ки дар рафти суҳбат атрофи вазъи мураккаб дар Афғонистон, ҳамчунин масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ҳамкории мақомоти прокуратураи ду кишвар дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ ва истирдоди ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта мубодилаи афкор сурат гирифт.